Манбаъ: Бахтиёр Додохонов ва оилаи ӯро нахуст ғорат ва сипас заҳролуд кардаанд

Соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохоновро, ки ҷасадаш санаи 5 март дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина дарёфт шуд, нахуст мавриди ғорат қарор дода, сипас ҳамроҳи наздиконаш заҳролуд кардаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Додохоновҳо хабар дод. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё Бахтиёр Додохонов, ки бо илааш ба Мадина барои […]

Asia-Plus

Соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохоновро, ки ҷасадаш санаи 5 март дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина дарёфт шуд, нахуст мавриди ғорат қарор дода, сипас ҳамроҳи наздиконаш заҳролуд кардаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Додохоновҳо хабар дод.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё Бахтиёр Додохонов, ки бо илааш ба Мадина барои анҷоми ҳаҷи умра рафта, бо худ пули зиёд доштааст ва як рӯз пеш аз маргаш ӯро аввал ғорат карда, баъд заҳролуд кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки ин корро эҳтимол дорад рақибонаш дар тиҷорат карда бошанд. Дар бораи маҳз бо кадом тиҷорат сарукор доштани Додохонов манбаъ маълумот надод.

Аммо ҳамаи ин як тахмину гумонҳо аст. Сабаби марги ҳамаи аъзои ин оила то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.

Манзурхон Додохонов, падари Бахтиёр ва собиқ директори нашриёти «Шарқи озод» ба «Азия-Плюс» ин тахминро на тасдиқ карду на инкор ва аз шарҳу қазияи марги писараш худдорӣ варзид.

Ӯ танҳо қайд кард, ки айни замон Прокуратураи генералии Арабистони саудӣ тафтиш аз рӯи далели маргро идома медиҳад.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ аз шарҳи ин масъала худдорӣ варзида, зикр карданд, ки алҳол дар бораи ҷараёни тафтиши марги шаҳрванди Тоҷикистон ва оилаи ӯ аз Прокуратураи генералии Арабистни Саудӣ ҳеҷ маълумоте нагирифтаанд.

Қаблан хешону наздикони оилаи Додохоновҳо зикр карданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду фарзияи ҳодисаро – заҳролуд кардан ва буғӣ карданро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ҷасадҳои Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзандаш дар Мадина ба хок супарда шуданд. «Аз Мадина ба Душанбе хатсайри мустақим амал намекунад ва мо хоҳони онем, ки рӯҳу арвоҳи онҳо орму осуда бошад. Тақдирашон ҳамин гуна будааст ва онҳо дар сарзамини муқаддас дар Мадина гӯронида мешаванд», – гуфта буданд он замон онҳо.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.