Тағйири тартиби додани раводиди Шенген дар Тоҷикистон

Ояндаи наздик ширкати махсуси хизматгузорӣ нуқтаҳои қабули аризаро барои дастрас кардани раводиди Шенген барои Олмон ва кишварҳоеро ки он намояндагӣ мекунад, боз мекунад. Ин низом дар бисёр кишварҳо афзалияти худро нишон дода, бояд расмиёти пешниҳоди ариза ба раводидро осон ва тезтар намояд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дастрас кардани раводидро ширкати VisaMetric амалӣ месозад. Бино ба маълумоти […]

Asia-Plus

Ояндаи наздик ширкати махсуси хизматгузорӣ нуқтаҳои қабули аризаро барои дастрас кардани раводиди Шенген барои Олмон ва кишварҳоеро ки он намояндагӣ мекунад, боз мекунад.

Ин низом дар бисёр кишварҳо афзалияти худро нишон дода, бояд расмиёти пешниҳоди ариза ба раводидро осон ва тезтар намояд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дастрас кардани раводидро ширкати VisaMetric амалӣ месозад.

Бино ба маълумоти сомонаи сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон, 30 апрел дар Душанбе ва 7 май дар Хуҷанд бояд маркази пешниҳоди раводид боз шуда, акнун ба сокинони минтақаи шимоли Тоҷикистон дигар лозим намеояд, ки барои додани ариза ба Душанбе оянд.

Маълумоти муфассал дар бораи суроға, ҷадвали кор ва сомонаи марказҳои раводид дар сомонаи маркази қабулгоҳ қобили дарёфт мебошад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ифтитоҳи марказҳои раводид ба кам шудани муҳлати интизорӣ ба сабт барои додани ариза имкон фароҳам меорад. Ҳарчанд муддати ҳафтаҳои аввали кор бо мақсади таъмини гузашти мунтазам ба шакли нав маҳдуд кардани шумори мизоҷон пешбинӣ шуда бошад ҳам, шумораи қабули маълумотномаҳо (анкетаҳо) нисбат ба пештара зиёдтар хоҳад буд.

Имкони мустақиман ба сафорат пешниҳод кардани ҳуҷчатҳо барои раводид боқӣ мемонад, аммо бинобар сабаби камшавии сабти пешниҳоди ҳуҷчатҳо дар сафорат, муҳлати интизорӣ нисбат ба марказҳои раводид зиёд мешавад.

Бо назардошти муҳлати пешниҳод ва гирифтани ҳуҷҷатҳо аз маркази раводид, вақти пурраи баррсии ариза дар Хуҷанд 15 рӯзи кориро ташкил медихад. Маблағи боҷ барои раводид тағйир намеёбад. Аммо ширкати хизматрасон барои хизматгузориҳояш иловагӣ маблағ меситонад. Дар ҳолати гирифтани раводиди бепул низ пардохти ҳаққи хизматгузорӣ боқӣ мемонад.

Тартиби дархости раводиди милллӣ тағйир намепазирад, яъне таъини санаи қабул ва пешниҳоди ариза чун пешин дар сафорат мегузарад, итминон медиҳанд дар намояндагии дипломатӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи ширкати VisaMetric алҳол начандон маълумоти кофӣ дастрас аст. Дар сомонаи ширкат ҳатто маълумот дар бораи робита бо онҳо вуҷуд надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.