Навори видеои боздошти муҳоҷирони гумонбар ба терроризм дар Петербург

Кормандони Хадамоти федералии амният ва Росгвардия амалиёти боздошти муҳоҷирони гумонбар ба фаъолияти террористӣ аз Осиёи Марказиро доир намуданд. Нисбати ду нафари онҳо, шаҳрвандони 21-солаи яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, менависад РБК. Кумитаи тафтишоти Руси навори видеои амалиётро нашр кард.Дар он дида мешавад, ки кормандони мақомот ба биное медароянд, ки он […]

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти федералии амният ва Росгвардия амалиёти боздошти муҳоҷирони гумонбар ба фаъолияти террористӣ аз Осиёи Марказиро доир намуданд.

Нисбати ду нафари онҳо, шаҳрвандони 21-солаи яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, менависад РБК.

Кумитаи тафтишоти Руси навори видеои амалиётро нашр кард.Дар он дида мешавад, ки кормандони мақомот ба биное медароянд, ки он ҷо 5 нафар ҳузур доранд. Онҳоро маҷбур месозанд, ки дастҳо пушти сар ба фарш хобанд.

https://www.youtube.com/watch?v=ASxHkeLtmXU

Тибқи маълумоти тафтишот, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо яке аз шахсоне, ки ба онҳо барои хориҷ шудан аз Русия ва рафтан ба яке аз лагерҳои тамринии террористон дар Шарқи Наздик кумак ваъда мекунад, дар робита шуда, нусха (скан)-и шиносномаҳои худро ба ӯ мефиристанд ва 10 апрел билети ҳавопаймоӣ мегиранд. Лекин ба туфайли амалиёти муваффақонаи хадамоти махсус тарки Русия ва пайвастан ба сафи террористон ба онҳо муяссар нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.