Идомаи эътирози даҳҳо ҳазор нафар зидди собиқ президенти Арманистон

Asia-Plus

Рӯзи 22 апрел дар Ереван гирдиҳамойии даҳҳо ҳазор нафар зидди собиқ президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд, менависад нашрияи Meduza. Рӯзи 17 апрел ӯ нахуствазир интихоб шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, дар гирдиҳамойӣ 35 ҳазор нафар ширкат варзидаанд. Мухолифон бошанд, аз иштироки 160 ҳазор нафар маълумот медиҳанд. Ин гирдиҳамойӣ сершумортарин тӯли 10 рӯзи эътироз алайҳи Саргсян арзёбӣ мегардад. Эътирозгарон собиқ президентро ба идоракунии бесамари иқтисод гунаҳкор медонанд.

Ба ин эътироз вакили парлумон, роҳбари фраксияи мухолифи «Елк» Никол Паршинян роҳбарӣ мекунад. Баъди гуфтушунидҳои нобарор бо Саргсян ӯ аз ҷониби пулис боздошт шуда, сарфи назар аз ин, эътирозҳо дар Ереван бузургмиқёстар шуданд.

Дар Ереван аз 13 апрел эътирозҳои тарафдорони мухолифон, ки зидди таъини собиқ президент Серж Саргсян ба мансаби нахуствазир мебошанд, идома дорад. Мавҷи нави эътирозҳо баъди интихоби Саргсян ба вазифаи нахуствазир рӯзи 17 апрел шурӯъ шуд. Ин рӯз дар парлумони Арманистон бори нахуст баъди ислоҳот интихоби нахуствазир баргузор шуд.

Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 2015 дар Арманистон, ин кишвар аз идоракунии президентӣ ба парлумонӣ гузашта, ваколатҳои нахуствазир зиёд шуданд, акнун нақши асосиро маҳз нахуствазир ба даст мегирад.

Серж Саргсян солҳои 2008-2018 ба ҳайси президенти Арманистон ва солҳои 2007-2008 ба сифати нахуствазир фаъолият кардааст. Ваколати дуюми президентии ӯ 9 апрели соли равон ба итмом расид. Мувофиқи Констутитусияи Арманистон, як нафар на бештар аз ду муҳлат вазифаи президентиро ишғол карда метавонад. Дар ҳамин ҳол, ба вазифаи нахуствазирӣ шахс метавонад бе маҳдудият чандин маротиба интихоб шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...