Аз таркиш дар Кобул 57 нафар ҳалок ва беш аз 120 тан захмӣ шуданд

Бар асари худро мавриди таркиш қарор додани як маргталаб дар маркази сабти интихобкунандагон дар Кобул дастикам 57 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳанд ҳукуматдорони Афғонистон. Тибқи маълумоти охир, бар асари таркиш миёни изиҳом, ки назди даромадгоҳ интизорӣ доштанд, 119 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми маҳаллӣ, миёни ҳалокшудагон 21 нафар занон ва 5 […]

Asia-Plus

Бар асари худро мавриди таркиш қарор додани як маргталаб дар маркази сабти интихобкунандагон дар Кобул дастикам 57 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳанд ҳукуматдорони Афғонистон.

Тибқи маълумоти охир, бар асари таркиш миёни изиҳом, ки назди даромадгоҳ интизорӣ доштанд, 119 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми маҳаллӣ, миёни ҳалокшудагон 21 нафар занон ва 5 нафар кӯдакон ҳузур доштаанд, иттилоъ медиҳад ВВС.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст, ки фаъолияташ дар бисёр кишварҳо манъ аст.

Ҳамин моҳ дар Афғонистон сабти раъйдиҳандагон барои иштирок дар интихобот   оғоз гардида, то ин дам ба марказҳои бақайдгирӣ чор ҳамла сурат гирифт. Баъди интихобот ба мақомоти қонунгузории ҳокимият соли 2019 маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад.

Тибқи арзёбии ВВС, ҳукумати Афғонистон ҳамагӣ 30 фоизи қаламрави кишварро пурра зери назорат дошта, қаламрави боқимонда зери хатари ҳамлаҳои «Толибон» ва «Давлати исломӣ» қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.