Идомаи эътирози даҳҳо ҳазор нафар зидди собиқ президенти Арманистон

Рӯзи 22 апрел дар Ереван гирдиҳамойии даҳҳо ҳазор нафар зидди собиқ президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд, менависад нашрияи Meduza. Рӯзи 17 апрел ӯ нахуствазир интихоб шуд. Бино ба маълумоти мақомоти пулис, дар гирдиҳамойӣ 35 ҳазор нафар ширкат варзидаанд. Мухолифон бошанд, аз иштироки 160 ҳазор нафар маълумот медиҳанд. Ин гирдиҳамойӣ сершумортарин тӯли 10 рӯзи эътироз […]

Asia-Plus

Рӯзи 22 апрел дар Ереван гирдиҳамойии даҳҳо ҳазор нафар зидди собиқ президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд, менависад нашрияи Meduza. Рӯзи 17 апрел ӯ нахуствазир интихоб шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, дар гирдиҳамойӣ 35 ҳазор нафар ширкат варзидаанд. Мухолифон бошанд, аз иштироки 160 ҳазор нафар маълумот медиҳанд. Ин гирдиҳамойӣ сершумортарин тӯли 10 рӯзи эътироз алайҳи Саргсян арзёбӣ мегардад. Эътирозгарон собиқ президентро ба идоракунии бесамари иқтисод гунаҳкор медонанд.

Ба ин эътироз вакили парлумон, роҳбари фраксияи мухолифи «Елк» Никол Паршинян роҳбарӣ мекунад. Баъди гуфтушунидҳои нобарор бо Саргсян ӯ аз ҷониби пулис боздошт шуда, сарфи назар аз ин, эътирозҳо дар Ереван бузургмиқёстар шуданд.

Дар Ереван аз 13 апрел эътирозҳои тарафдорони мухолифон, ки зидди таъини собиқ президент Серж Саргсян ба мансаби нахуствазир мебошанд, идома дорад. Мавҷи нави эътирозҳо баъди интихоби Саргсян ба вазифаи нахуствазир рӯзи 17 апрел шурӯъ шуд. Ин рӯз дар парлумони Арманистон бори нахуст баъди ислоҳот интихоби нахуствазир баргузор шуд.

Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 2015 дар Арманистон, ин кишвар аз идоракунии президентӣ ба парлумонӣ гузашта, ваколатҳои нахуствазир зиёд шуданд, акнун нақши асосиро маҳз нахуствазир ба даст мегирад.

Серж Саргсян солҳои 2008-2018 ба ҳайси президенти Арманистон ва солҳои 2007-2008 ба сифати нахуствазир фаъолият кардааст. Ваколати дуюми президентии ӯ 9 апрели соли равон ба итмом расид. Мувофиқи Констутитусияи Арманистон, як нафар на бештар аз ду муҳлат вазифаи президентиро ишғол карда метавонад. Дар ҳамин ҳол, ба вазифаи нахуствазирӣ шахс метавонад бе маҳдудият чандин маротиба интихоб шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.