Интиқоди шадиди раиси шаҳри Исфара аз вазъи бозори марказӣ

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ғайриинтзор ба бозори марказии шаҳр ташриф оварда, моликон ва раҳбарияти сохторҳои марбутаи масъул ба вазъи бозорро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

«Бозор оинаи шаҳр буда, он бояд тозаву озода ва обод бошад. Дар ин ҷо риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ ва зиддисӯхтор, мавҷуд набудани шароти бояду шояд барои савдо дида мешавад. Фаромӯш насозед, ки ҳар як сайёҳ аввал ба бозор рафта, вобаста ба ҳолати он ба фарҳангу тарзи зиндагии сокинони шаҳр баҳо медиҳад», – гуфт ӯ ба масъулон.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, Саломзода ба муроҷиат ва норозигии аҳолӣ аз вазъи бозор бовар ҳосил намуд. Чунин ҳолат баъди хусусигардонии бозор ба миён омад, ки акнун он чор молик дорад, бо шумули ҷамъияти «Тоҷикматлуботи шаҳр.

Раиси шаҳр ба вазъи нохуби роҳҳои назди бозор, бетартибӣ дар рафу фурӯшгоҳҳо, дӯконҳои худсохт ва риоя нашудани меъёрҳо ва талаботи савдо ишора намуд.

Ба муовини соҳавии раиси шаҳр ва дигар сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарини чораҳои таъҷилӣ андешида, камбудиҳоро бартараф намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...