Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҷмааи тиббӣ тақдим мекунад

Ӯзбекистон дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон маҷмааи тиббӣ барои 22 кати хоб сохта, онро ройгон ба моликияти ҷумҳурӣ месупорад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморида шудани Созишнома дар бораи сохтмони маҷмааи тиббӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дастур дода шудааст. «Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ӯзбекистон дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон маҷмааи тиббӣ барои 22 кати хоб сохта, онро ройгон ба моликияти ҷумҳурӣ месупорад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморида шудани Созишнома дар бораи сохтмони маҷмааи тиббӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дастур дода шудааст.

«Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида, дар сурати зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои дорои хусусити ҷузъӣ ворид кунад», – қайд мешавад дар санади ҳукумат.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, маҷмааи тиббӣ дар Хатлон аз ҳисоби воситаҳои ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда, ройгон ба молиякияти Тоҷикистон дода мешавад.

Барои амалисозии бандҳои санад ҷониби Тоҷикистон қитъаи замини коршояму мувофиқро барои сохтмони иншоот ҷудо мекунад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки «бо дархости Ӯзбекистон дар давраи сохтмони Иншоот оид ба масъалаҳои ҷалби коргарон барои анҷоми корҳо ва пешниҳоди хизматгузориҳои ташкилоту шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намояд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.