Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарк дар Осиёи Марказиро месозанд

Дар кӯли Варзоб калонтарин аквапаркро бо вейкбординг, Flybord ва маҷмааи ҷастгоҳ (трамплин) барои ба об паридан месозанд. Ширкати «Сафеддара» дар қаламрави кӯли Варзоб фаъолона кор мекунад. Ба гуфтаи директори ширкат Баҳодур Исҳоқов, моҳи августи соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бузургтарин аквапарк дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст. «Ин лоиҳа дар ҳамдастӣ бо ширкати […]

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Дар кӯли Варзоб калонтарин аквапаркро бо вейкбординг, Flybord ва маҷмааи ҷастгоҳ (трамплин) барои ба об паридан месозанд.

Ширкати «Сафеддара» дар қаламрави кӯли Варзоб фаъолона кор мекунад. Ба гуфтаи директори ширкат Баҳодур Исҳоқов, моҳи августи соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бузургтарин аквапарк дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст.

«Ин лоиҳа дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии Polin Waterparks амалӣ мешавад, ки дар сохтмони акапаркҳо дар саросари ҷаҳон маъруф буда, дар Аврупо ва ИМА марказҳои истироҳату фароғат дар об бунёд кардааст», – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, ҳамчунин бо ширкати эстонии Wekeboard Solution бори нахуст дар Тоҷикистон вейкбординг парк сохта мешавад, ки барои дар рӯи об гаштан бо таҷҳизоти гуногун пешбинӣ шудааст ва дар саросари олам писандида мебошад.

Зимни боздид аз кӯли Варзоб моҳи ноябри соли 2017 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ободу зебо кардани кӯл як қатор дастурҳо дода буд.

«Аз ҷумла, оид ба ободонии қаламрави кӯл ва бунёди минтақаи шиноварӣ дастурҳо дода шуданд, ки айни замон мо ба иҷрои он машғулем», – таъкид дошт Исҳоқов. Ба гуфтаи ӯ, барои хизматрасонӣ ба меҳмонон якчанд иншооти зербино бунёд шудааст, аз ҷумла мағозаҳову, иҷораи таҷҳизот, таваққуфгоҳ барои 200 мошин, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва ғайра бунёд шудааст.

«Яке аз вазифаҳои асосии мо риояи меъёрҳои санитарии об ва ҳифзи муҳити зист дар тамоми қаламрави маҷмаа мебошад. Бо ин мақсад мо пойгоҳи махсус барои тозакунӣ ва безараргардонии обро дар кӯл сохтем», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар марҳилаи ҳозираи сохтмони аквапарк ҳудуди 200 нафар бинокорон ҷалб шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, беш аз 100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо кор таъмин мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.