Фестивал ба охир расида бошад ҳам, ҳоло ҷоизаҳо шуморо интизоранд

Фестивали бодбаракҳои «Осмони Душанбе» бори нахуст дар шаҳр доир гардида, яке аз чорабиниҳои ҷолибе шуд, ки рӯзи шанбе дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида шуд. Созмондиҳандагони он гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол», шарикон – Tcell, «Тоҷик Эйр» ва «Гедеон Рихтер» мебошанд. Тавре ваъда шуда буд, фестивал ба як ҷашни бузурги оилавӣ табдил ёфт: кӯдакон […]

Asia-Plus

Фестивали бодбаракҳои «Осмони Душанбе» бори нахуст дар шаҳр доир гардида, яке аз чорабиниҳои ҷолибе шуд, ки рӯзи шанбе дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида шуд.

Созмондиҳандагони он гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол», шарикон – Tcell, «Тоҷик Эйр» ва «Гедеон Рихтер» мебошанд.

Тавре ваъда шуда буд, фестивал ба як ҷашни бузурги оилавӣ табдил ёфт: кӯдакон бодбаракҳоро ба фазо сар дода, волидони рӯи сабза истироҳат карданд.

Дар чанде аз озмунҳо ба иштирокчиён аз ширкати «Оби зулол» ҷоизаҳои махсус тақдим карда шуданд. Бо ба охир рапсидани ҷоизаҳо низ мардум ба бозӣ идома доданд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҷашн ҳоло ба охир нарасидааст: айни замон озмуни суратҳо аз фестивали «Осмони Душанбе» ҷараён дорад, ки ғолибони он соҳиби телевизор, смартфон ё оташдон (микроволновка) мешаванд.

Барои иштирок кардан дар озмун ба Instagram дар саҳифаи «Азия-Плюс» @asiaplust ё саҳифаи @rc_cola_tajikistan  номнавис шудан ва сурати худро дар Instagram бо хештеги #осмонидушанбе нашр кардан зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.