Антониу Гутерриш: «Дар Шӯрои амнияти СММ бояд ислоҳот гузаронида шавад»

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иқрор кард, ки Шӯрои амнияти созмон дар шакли кунунияш наметавонад низои Сурияро ҳал кунад. "Ҷанги сард дубора баргаштааст", – гуфтааст ӯ дар суҳбат бо телевизиони SVT. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба назари ӯ, вазъи кунунӣ назар ба вазъи пешин аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Он замон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иқрор кард, ки Шӯрои амнияти созмон дар шакли кунунияш наметавонад низои Сурияро ҳал кунад. "Ҷанги сард дубора баргаштааст", – гуфтааст ӯ дар суҳбат бо телевизиони SVT.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба назари ӯ, вазъи кунунӣ назар ба вазъи пешин аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Он замон низоъ танҳо миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд, вале ҳоло сухан аз манфиатҳои чанд ҷониб меравад.

Дабири кулли СММ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, дар баробари ИМА ва Русия Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ низ аз ҳодисаҳои Ховари Миёна манфиатдоранд. Ҳоло бозигарони калидӣ наметавонанд чун дар гузашта тамоми иштирокдорони низоъро идора кунанд.

Дар Сурия артишҳои гуногун ҳузур доранд ва бархурди манфиатҳои мухталиф сурат мегирад. Аз як тараф сунниҳо бо шиамазҳабон меҷанганд ва аз тарафи дигар тамоми ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд. "Бинобар ин, агар бовар дошта бошем, ки СММ метавонад ин ҳама мушкилотро ҳал кунад, бисёр содалавҳона аст", – илова кардааст Гуттериш.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи дабири кулли СММ, дар Шӯрои амнияти созмон бояд ислоҳот гузаронида шавад. Зеро ҳоло аъзои шӯро аз ҳаққи ветои худ бисёр истифода мекунанд.

ИМА, Бритониё, Фаронса 14 апрел дар посух ба як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳри Думо баъзе аз ниҳодҳои Сурияро мушакборон карданд. Москва ва Димишқ исрор доранд, ки дар Думо ҳамлаи кимиёӣ нашудааст.

Аъзои Шӯрои амнияти СММ низ натавонистанд, сари қатъномаи таҳқиқи қазия ба созиш расанд. Ахиран қатъномаи Русия низ рад шуд, ки пешниҳод карда буд, зарбаҳои ИМА ва ҳампаймононаш ба Сурия маҳкум карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.