Қочоқи асъор дар ҳаҷми ниҳоят зиёд: 29 млн. рубл ва 67 ҳазор доллар

Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи иборат аз 6 нафарро ҳангоми кӯшиши аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори хориҷӣ – 29 млн. рубли русӣ ва 67 ҳазор доллар боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов хабар дод, […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи иборат аз 6 нафарро ҳангоми кӯшиши аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори хориҷӣ – 29 млн. рубли русӣ ва 67 ҳазор доллар боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов хабар дод, аъзои гурӯҳ ҳафтае 1-3 маротиба бо ин васила асъори хориҷӣ – пулҳои соҳибкорони бозорҳои «Коврон» ва «Султони Кабир»-и шаҳри Душанберо ба хориҷ мебаровардаанд.

«Пулҳоро тариқи қочоқ бо минтақаи наздисарҳадии Чилгазии шаҳри Исфара мебароварданд, – гуфт Шарипов. – Ба гурӯҳ сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душане ва Исфара шомил буда, се тан аз онҳо ба ҳайси пулбарандагон (инкассатор) кор мекарданд».

Ин асосан пулҳои соҳибкорони маҳаллӣ мебошад, ки аз боздоштшудагон барои ғайриқонунӣ ба хориҷа фиристодани воситаҳояшон бо мақсади хариди молу маҳсулот истифода мебурдаанд.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати боздоштшудагон бо моддаи 32, қ. 2 (. Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 289, қ. 2 (Контрабанда (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Акабар Шарипов ҳамчунин зикр кард, ки тадбирҳои ошкор сохтани дигар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша ва роҳи интиқоли асъори хориҷӣ аз ҷониби кормандони шуъба идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.