Рустами Эмомалӣ стипендияҳоро ба толибилмони пойтахт супурд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷашни Рӯзи пойтахт, 21 апрел ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидаанд, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017-2018-ро тақдим намуд. Маблағи стипендия барои соли хониши 2017-2018 ҳар моҳ 250 сомониро ташкил дода, дар […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷашни Рӯзи пойтахт, 21 апрел ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидаанд, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017-2018-ро тақдим намуд.

Маблағи стипендия барои соли хониши 2017-2018 ҳар моҳ 250 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ ба 2 ҳазору 250 сомонӣ баробар аст.

Дар бинои «Душанбе Плаза» ҳамчунин маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои соҳавии шаҳрӣ низ баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Муродова Мақсуда дар номинатсияи «Директори сол – 2017», муаллимаи фанни таърихи муассисаи таълимии «Гимназияи №74»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоева Дилбар дар номинатсияи «Омӯзгори сол – 2017», коллективи синфи 9 «г»-и литсейи «55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва роҳбари синф Бегматов Зуҳурбек Рӯзибоевич дар номинатсияи «Синфи беҳтарини сол – 2017», Шарифзода Баҳром ва Наимова Моҳлиқо волидайн аз литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур дар номинатсияи «Волидайни беҳтарини сол – 2017», кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Кучарова Ҳусния дар номинатсияи «Кӯдакистони сол – 2017», мудири кӯдакистони №130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродова Зарина дар номинатсияи «Мудири кӯдакистони сол – 2017» ва мураббии кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исмонова Матлуба дар номинатсияи «Мураббии сол – 2017» ғолиб дониста шуда, бо мукофот ва дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Ин стипендия соли гузашта дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Довталабони стипендияи Раиси пойтахт бояд аъло таҳсил намуда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

 

Озмуни довталабон дар шакли тест аз рӯи фанҳо дар Маркази технолгияҳои компютерии шаҳри Душанбе тариқи мушоҳидаи видеоӣ сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.