Ӯзбекистон: фавти ду кӯдак бар асари оташзании модар аз сари рашк

Як сокини 27-солаи ноҳияи Шӯрчини вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба сару рӯи худу ду кӯдаки ноболиғаш бензин пошида, оташ задааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, кӯдакон аз ҷароҳатҳои бардошта фавтиданд. Зан бо 80 дарсади сӯхтагии бадан дар бемористон бистарӣ аст. Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шудааст. Ба иттилои як манбаъ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як сокини 27-солаи ноҳияи Шӯрчини вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба сару рӯи худу ду кӯдаки ноболиғаш бензин пошида, оташ задааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, кӯдакон аз ҷароҳатҳои бардошта фавтиданд. Зан бо 80 дарсади сӯхтагии бадан дар бемористон бистарӣ аст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шудааст. Ба иттилои як манбаъ аз додситонии вилояти Сурхандарё, ин фоҷиа дар пайи баҳси миёни зану шавҳар сар задааст.

"Таҳқиқ муайян кард, ки ҷанҷоли зану шавҳар ба далели рашк сар задааст. Баъди он зан худу кӯдаконашро оташ мезанад. Ҳамсояҳо аз оташсӯзӣ ба мақомот хабар доданд", – гуфт манбаъ дар додситонӣ.

"Кӯдакони ин зан дар бемористон фавтиданд. Зеро сад дарсади баданашон сӯхта буд. Шавҳари вай низ дар бемористон аст. чунки дар талоши наҷот додани кӯдакон 15 дарсади ҷисмаш сӯхтааст. Муфаттишон ҳодисаро таҳқиқ доранд", – афзудааст манбаъ.

Як сокини маҳаллӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, зан вақте фаҳмид, ки шавҳараш тасмим дорад, зани дигар бигирад, худу кӯдаконашро оташ зад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.