Бонки миллӣ аз низомҳои интиқоли пул кафолат талаб кард

Asia-Plus

Низоми интиқоли пули «Лидер», ки иҷозатномаашро Бонки марказии Русия бозхонд кард, назди бонкҳои Тоҷикистон уҳдадориҳояшро иҷро накарда, ба онҳо қарздор шуд.

Дар ин робита Бонки миллии Тоҷикистон аз дигар низомҳои интиқоли пули Русия кафолати пардохтро дар сурати бозхонд шудани иҷозатнома талаб кард.

Бонки миллии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки ҳанӯз соли 2014 дар робита ба қатъи кори низоми байнулмилалии интиқоли пули «Migom» ва аз феҳристи операторони интиқоли пули Бонки Русия хориҷ шудани он, ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, ки бо он ҳамкорӣ доштанд, зиёни назарраси молӣ дида, то ҳол ин уҳдадориҳои иҷро нашудаанд.

Мушкилӣ бо низоми интиқоли пули «CONTAKT» дар соли 2014 низ хотиррасон мешавад, ки нисбати менеҷери он Александр Миронов бо далели фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва пулшӯии ҳармоҳаи 3,5 млрд. рубл парувнадаи ҷиноӣ боз шуда буд. Лекин баъди чанде фаъолияти ин низом дубора барқарор шуда, гирифтани пул боз имконпазир гардид.

Фаъолияти «Лидер» қатъ шуд

Низоми интиқоли пули «Лидер»  аз Феҳристи операторони низоми интиқоли пули Бонки Русия хориҷ шуда, аз фаъолият бозмонд.

«Тибқи маълумоти ташкилотҳои қарзии Тоҷикистоон, уҳдаориҳои ин низом назди онҳо аз маблағҳои зиёд иборат аст. Дар шароити ҳозира ин далел барои вазъи молии ташкилотҳои қарзӣ ва ба сурати умум низоми бонкӣ таъсири манфӣ дорад», – қайд карданд дар Бонки миллӣ.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини кафолати уҳдадориҳои молӣ аз ҷониби низомҳои пардохтӣ ташкилотҳои қарзиро уҳдадор намуд, ки зимни ҳамкорӣ бо низомҳои интиқоли пул кафолат талаб намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллӣ шарҳ медиҳанд, ки расмиёт ва қоидаҳои низоми интиқоли пул ба гирандагони маблағ имкон медиҳанд, ки пулро тариқи ташкилотҳои қарзӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо баъди чанд дақиқаи фиристодан дастрас намоянд, аммо ҳисоббаробарӣ байни низоми интиқоли пули хориҷӣ ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон метавонад муддати 3-5 рӯз анҷом ёбад.

Баъди «Золотая корона», «Contact» ва «Юнистрим» аз лиҳози истифода дар Тоҷикистон «Лидер» дар зинаи чорум қарор дошт.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани пул ба шахсоне, ки тариқи ин низом ба онҳо пул фирситода шудааст ва чӣ миқдор қарздор будани ин низом назди бонкҳои Тоҷикистон маълумот надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...