Селфи фоҷеабор анҷом ёфт: ду духтар ғарқ шуд

Asia-Plus

Кӯшиши худро акс гирифтан (селфи) фоҷеабор анҷом пазируфт: як духтар ба дарё афтода, дигарӣ ба наҷоти ӯ шитофт. Ҳарду ғарқ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи пойтахти кишвар, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирии селфи дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

«Ин духтар хостааст дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагони Кумита баъди дарёфти ин хабар фавран ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон рафта, субҳи бармаҳали рӯзи 29-уми апрел ҷасади духтарони ҷавони ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки   дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд. Кумита ҳамчунин ба волидон муроҷиат мекунад, ки бачаҳои худро беназорат нагузоранд!

Селфии фоҷеабор

Ҳамин гуна ҳодиса моҳи апрели соли гузашта рух дода буд. Санаи 25 апрел хонандаи синфи 9 Нишона Умарова назди дарёи Вахш худро акс гирифтанӣ шуда, ба дарё афтид. Дугонаҳояш ба кумак шитофтанд, лекин наҷоти духтар муяссар нашуд. Ҷасадӣ ӯ то ҳол дарёфт нашудааст. Он замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки ин ҳодисаи аввалини зимни суратгирӣ (селфи) ҳалок шудан дар Тоҷикистон аст.

Маълумоти нахустини ҳалок шудани одамон зимни кӯшии суратгирии худ соли 2014 нашр шуданд, менависад Technologe Review. Гуфт мешавад, шумори ҳалокшудагон бар асари ин ҳодсаҳо соли 2014 – 25 нафар, соли 2015 – аллакай 39 кас, соли 2016 – 73 нафарро ташкил додааст

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...