Ташрифи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Душанбе

Date:

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзҳои 3-4 май аз Душанбе боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ӯ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иштирок мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар кори конфронси Душанбе то имрӯз беш аз 400 нафар меҳмонон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар конфронс аз иштироки намояндагони 50 кишвари саросари ҷаҳон ва 30 ташкилоту ниҳодҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Ҳайати кишварҳоро вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони махсус роҳбарӣ мекунанд.

Назди иштирокчиёни чорабинии мазкур суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related