Қалъаи Муғ: навсозии мероси бостонӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

Ҷамшед Маъруфов, махсус барои Asia-Plus

Шумо шояд аллакай огаҳед, ки дар шаҳри қадимаи Истаравшан ёдгории бостонии асри V то мелод – Қалъаи Муғро таъмиру бозсозӣ ва барқарор карданианд. Мо тасмим гирифтем, ки бевосита ба ин шаҳр-осорхона рафта, гузорише таҳия намоем.

Дар ин гузориш дар бораи таъмиру навсозии қалъа, ки зеобоияш қалбҳоро тасхир мекунад, маълумот дода мешавад. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 7 гектарро ташкил медиҳад.

Табиист, ки ин иншоот натанҳо аз нигоҳи зебоӣ қобили таваҷҷуҳ аст: тобистони соли 1933 дар ин ҷо таҳти раҳбарии шарқшиноси маъруф А.Фрейман ҳафриёт гузаронида шуда, дар харобаҳои қалъа беш аз 100 бозёфтҳо пайдо шуд. Бойгонии иборат аз 74 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 1 санадӣ – бо забони арабӣ ва туркии қадима ва якчанд ҳуҷҷат бо забони чинӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].

Ҳамчунин лоиҳаи «Салом, соседи!» ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунад – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...