Кумаки БОР ба Тоҷикистон дар идоракунии хавфи офатҳои табиӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии хавфҳои офати табиӣ Тоҷикистонро бо маблағгузории грантӣ таъмин мекунад.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрии вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони БОР рӯзи 16 май масъалаҳои омодакунии Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки БОР ният дорад, ки лоиҳаро пурра бар асоси грантӣ маблағгузорӣ намуда, амалисозии лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодии вазоратҳо ва мақомоту идораҳои дахлдор дар мубориза бо офатҳои табиӣ, аз қабили заминҷунбиву фаромадани ярчу сел ва тарма мусоидат мекунад, то ки талафоти ҷониву амвол ва иншооти зерсохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳадди камтарин расонида шавад.

Аз оғози татбиқи лоиҳа аввали соли равон интизорӣ рафта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷузъиёти дигари масоили лоиҳаро зимни вохӯриҳои нав баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар нақшаи тиҷорати амалиётии БОР оид ба Тоҷикиситон барои солҳои 2017-2019 лоиҳаи «Тақвияти имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода» дарҷ ёфтааст, ки маблағгузориаш сол 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 120 млн. доллар арзёбӣ шудааст, ки наздики 105 млн. долларашро БОР ҷудо карданист. Аз ҷумла, беш аз 102,3 млн. доллар бар асоси қарзи имтиёзнок ва беш аз 2 млн. доллар – бар асоси грантӣ. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 15,7 млн. доллар зикр шудааст.

Аввали соли равон намояндагии доимии БОР эълом дошт, ки ҳадди ақал то охири соли равон ин бонк ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт (грантӣ) маблағузорӣ мекунад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.