Фавти ду кӯдак дар Панҷ: яке нафасгиру дигариро сел бурд

Дар ноҳияи Панҷ ҳангоми ба ҷои бехавф кӯчонидани аҳолӣ аз хавфи сел бар асари боришоти шадид ду нафар кӯдакони хурдсол ба ҳалокат расиданд. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, соатҳои 3-4-и шаб ба ҷамоати Нури нави ноҳия сел омада, одамон шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд. «Модари яке аз кӯдакони 1,7 сола хеле сахт фарзандашро […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Панҷ ҳангоми ба ҷои бехавф кӯчонидани аҳолӣ аз хавфи сел бар асари боришоти шадид ду нафар кӯдакони хурдсол ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, соатҳои 3-4-и шаб ба ҷамоати Нури нави ноҳия сел омада, одамон шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

«Модари яке аз кӯдакони 1,7 сола хеле сахт фарзандашро ба қафаси синаи худ ҷафс мекунад, ки дар натиҷа ӯ нафасгир шуда, ҳалок мешавад, – хабар дод Умеда Юсуфӣ,роҳбари Кумита. – Кӯдаки 4-солаи дигарро модаркалонаш сахт дошта натавониста, маҷрои сел ӯро бо худ бурдааст».

Ба гуфтаи ӯ, бар асари боришоти шадиди рӯзҳои охир заминҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои Нури нав, Озодагон, Намуна ва Сайфиддин Кабут осеб дида, аз ин маҳалҳо наздики 500 нафар ба макони амн кӯчонида шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар ноҳия таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Муҳаммадҷон Салимзода комиссияи махсус машғули кор аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои боронӣ дар кишвар то 20 май боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти зиёд дар дарёҳои қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд болоравии сатҳи об дар назар буда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ хавфи селфароӣ вуҷуд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.