Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии «Шабе дар Осорхона» доир мегардад. Дар чорабинӣ барномаҳои фароғатӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши муд пешбинӣ шудааст. Чорабинӣ аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст. – Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00. […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии «Шабе дар Осорхона» доир мегардад. Дар чорабинӣ барномаҳои фароғатӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши муд пешбинӣ шудааст. Чорабинӣ аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст.

– Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9720 сомонӣ;

1 евро – 10.5762 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1448 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо

1937 – Ифтитоҳи намоишгоҳи сеюми ҷумҳуриявии рассомони Тоҷикистон.

2009 — Парлумон ба қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд нигаҳдории чорвои калону хурди шохдор ва паррандаҳои хонагӣ дар қаламрави пойтахт манъ карда шуд.

1048 — Мавлуди шоири форсу тоҷик, файласуф, риёзидон, табиб ва мусиқишинос Умари Хайём.

1938 — Зодрӯзи адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов.

1941 – Мавлуди журналист ва нависанда, арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нурмуҳаммад Табаров.

1954 – Зодрӯзи журналист Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Оила – «Тоҷикистон».

1972 – Мавлуди журналист, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳи Исмоил.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +13+18.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ (боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +46+19; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +7+12.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +21+23.   

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.