Кумаки БОР ба Тоҷикистон дар идоракунии хавфи офатҳои табиӣ

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии хавфҳои офати табиӣ Тоҷикистонро бо маблағгузории грантӣ таъмин мекунад. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрии вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони БОР рӯзи 16 май масъалаҳои омодакунии Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд. Дар маълумот қайд мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии хавфҳои офати табиӣ Тоҷикистонро бо маблағгузории грантӣ таъмин мекунад.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрии вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони БОР рӯзи 16 май масъалаҳои омодакунии Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки БОР ният дорад, ки лоиҳаро пурра бар асоси грантӣ маблағгузорӣ намуда, амалисозии лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодии вазоратҳо ва мақомоту идораҳои дахлдор дар мубориза бо офатҳои табиӣ, аз қабили заминҷунбиву фаромадани ярчу сел ва тарма мусоидат мекунад, то ки талафоти ҷониву амвол ва иншооти зерсохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳадди камтарин расонида шавад.

Аз оғози татбиқи лоиҳа аввали соли равон интизорӣ рафта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷузъиёти дигари масоили лоиҳаро зимни вохӯриҳои нав баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар нақшаи тиҷорати амалиётии БОР оид ба Тоҷикиситон барои солҳои 2017-2019 лоиҳаи «Тақвияти имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода» дарҷ ёфтааст, ки маблағгузориаш сол 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 120 млн. доллар арзёбӣ шудааст, ки наздики 105 млн. долларашро БОР ҷудо карданист. Аз ҷумла, беш аз 102,3 млн. доллар бар асоси қарзи имтиёзнок ва беш аз 2 млн. доллар – бар асоси грантӣ. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 15,7 млн. доллар зикр шудааст.

Аввали соли равон намояндагии доимии БОР эълом дошт, ки ҳадди ақал то охири соли равон ин бонк ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт (грантӣ) маблағузорӣ мекунад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.