Қадршиносии 100 нафар толибилмон, донишҷӯён ва варзишгарони Хуҷанд

Дар толори калони мақомоти шаҳрдории Хуҷанд раиси маркази маъмурии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо идрорпулӣ тақдим кард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, зикр гардид, ки ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият дошта, аз ҷумла, […]

Asia-Plus

Дар толори калони мақомоти шаҳрдории Хуҷанд раиси маркази маъмурии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо идрорпулӣ тақдим кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, зикр гардид, ки ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият дошта, аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият мекунанд ва зиёда аз 365 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳр дар массисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои  хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Раиси шаҳр изҳор дошт, ки ки дар соли таҳсили 2017-2018 дастаи хонандагони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ба гирифтани – 31 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла, ҷойи якум – 7 нафар ҷойи дуюм – 9 нафар ва ҷойи сеюм 15 нафар, дар олимпиадаи байналмиллалӣ ба гирифтани – 19 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла  ҷойи якум 4 нафар, ҷои дуюм 2 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар,  олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ – 69 ҷойи ифтихорӣ   ҷойи якум 10 нафар, ҷойи дуюм 43 нафар ва ҷойи сеюм 16 нафар шарафёб гардиданд.

Маъруф Муҳаммадзода комёбии варзишгарони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дастовардҳои Ҷаҳон Қурбонов – ду карат иштирокчии бозиҳои олимпӣ ва Мирзодалер Хуршедзода устоди варзиш, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба ушу, Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ ҷоизадори  Чемпионати Осиё оид ба бокс, Муҳаммадалӣ Сафиоллоҳ, Эмин-зода Эраҷ, Абдусалом Саломов ва Амриддин Абдукабирзода, ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуро боиси ифтихор ва сарфарозӣ унвон намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд наврасону ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт, дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони фаъол Стипендияи раиси шаҳри Хуҷандро ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим намуд. Ҳамзамон ба 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.