КДАМ Тоҷикистон замимаи Zello-ро ифротгаро унвон кард

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки замимаи Zello сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон аст.

Дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон шоми 21 май дар бораи аз ҷониби Маркази робитаҳо бо ҷомеаи КДАМ тасдиқ шудани сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон будани замимаи Zello гузориш пахш шуд.

Zello ратсия – замимае мебошад, ки онро метавон ҳам дар смартфон ва ҳамдар компютер насб кард. Тибқи усули ратсия ӯ ба корбарон имкон медиҳад, ки тариқи иттилооти овозӣ гуфтугӯ кунанд.

«Ҷалби аксари шахсон ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро тариқи интернет, аз ҷумла замимаи Zello ва гурӯҳ дар он – «Роҳнамо ба сӯи хилофати исломӣ» сурат мегирад», – қайд шуд дар гузориши телевизионӣ.

Дар гузориши мазкур ҳам маҳкумшудагон ба ифротгароӣ ва ҳам коршиносон доир ба ҷараёни ҷалб изҳори назар карданд.

«Интернет-имомҳо аз хориҷи кишвар шаҳрвандони моро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб намуда, наворҳои видеои таблиғи зӯроварӣ ва ақидаҳои салафиро мунташир месозанд», – зикр шуд дар барнома.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти КДАМ, соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 1300 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ ошкор ва ба гумони даст доштан дар фаъолияти ифрогароиву террористӣ зиёда аз 400 нафар боздошт шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Қирғизистон дастрасӣ ба портал оид ба ҷойгиркунӣ ва шунидани мусиқии SoundCloud қатъ шуд. Суди Бишкек портали мусиқиро «ифротгаро» эътироф намуд. Дар кишвари ҳамсоя портали видеоэшрингии LiveLeak низ дастнорас аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...