Мирзиёев: собиқ прокурори генералӣ аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт

Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар бемористони низоми сахти Тошканд бистарӣ шуд. Ин иттилоъро яке аз наздикони Қодиров тасдиқ кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рашид Қодиров ду ҳафта пеш, баъди боло рафтани фишори хунаш, бистарӣ шудааст. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май гуфтааст, ки дар 2-3 моҳи оянда собиқ прокурори […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар бемористони низоми сахти Тошканд бистарӣ шуд. Ин иттилоъро яке аз наздикони Қодиров тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рашид Қодиров ду ҳафта пеш, баъди боло рафтани фишори хунаш, бистарӣ шудааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май гуфтааст, ки дар 2-3 моҳи оянда собиқ прокурори пешин тариқи телевизион аз мардум узрхоҳӣ мекунад.

"Ҳоло прокурори генералӣ ҳамроҳ бо гуруҳаш дар зиндон аст. Миллионҳо долларашро таслим мекунад. Баъди 2-3 моҳ ман коре мекунам, ки вай тариқи телевизион дар бораи ҳама чиз нақл кунад. Зеро вай фасодкориро дар ҳама ҷо паҳн кард. Аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт. Вай дузди воқеӣ буд. Ба ҳамин хотир аз мақомоти прокуратура 70 дарсади кадрҳо ронда шуданд. Ман дар ин ниҳод одамони поквиҷдонро таъйин кардам. Агар касе хиёнат кунад, ҳамин сарнавишт ӯро интизор аст", – гуфтааст Мирзиёев.

Дар ҳамин ҳол, Рашид Қодиров розӣ шудааст, ки тариқи телевзион аз мардум ва президент узрхоҳӣ кунад.

Прокурори пешини Ӯзбекистон 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва фасодкорӣ айбдор мешавад.

Қодиров соли 2000-ум прокурори генералӣ кулл таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2015 барканор гардид. Алишер Қодиров, писари Рашид Қодировро бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд. Зидди падару писар то имрӯз дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят ворид шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.