Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони назди Сирк, Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, майдони «800-солагии Маскав» ва Боғи ба номи Мироненкои пойтахт бо иштироки устодони санъат барномаҳои идонаи консертӣ баргузор мешаванд. Оғоз соати 17:00; – Аз соати 9-и субҳ дар Боғи Ирам бахшида Ба Рӯзи ҷавонон консерт ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони назди Сирк, Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, майдони «800-солагии Маскав» ва Боғи ба номи Мироненкои пойтахт бо иштироки устодони санъат барномаҳои идонаи консертӣ баргузор мешаванд. Оғоз соати 17:00;

– Аз соати 9-и субҳ дар Боғи Ирам бахшида Ба Рӯзи ҷавонон консерт ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад;

– Дар бошгоҳи «Алмосӣ»-и ФФТ дар Ҳисор ба муносибати ёдбуди хотираи ҳҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир» Геннадий Черевченко байни наврасони 12-13-сола мусобиқаи футбол барпо мешавад, ки дар он бори нахуст мунтахаби вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ширкат меварзад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9827 сомонӣ;

1 евро – 10.6086 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1464 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

2008 — Дар Душанбе дар доираи барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Академияи шабакавии CISCO ифтитоҳ гардид.

2009 — Президенти Хорватия Степан Месич бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Миёни Тоҷикиситону Хорватия се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

1897 — Зодрӯзи Охунҷон Яъқубов, рассом, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабудллоҳи Рӯдакӣ.

1924 — Зодрӯзи профессор Содир Форсихонов.

1937-1997 – Мавлуди олим-биолог Алиқул Тӯраев.

1939 – Зодрӯзи нависанда ва журналист Валерий Талвик.

1940 – Мавлуди нависанда ва журналист Бахтиёр Муртазоев.

1946 – Зодрӯзи олим Абдуҷаббор Сатторов.

1951 – Мавлуди академик Алишер Абдуллоев.

1951 – Зодрӯзи олим-иқтисодчӣ, дипломат Шӯҳрат Султонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +18+23.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 5+10, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +5+10.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +25+7.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.