Таъсиси қариб 350 ҳазор ҷойи кори доимӣ соли 2018 дар Ӯзбекистон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои миллии рушди устувор» қарор ба имзо расонид. Ин санад аз ҷониби Вазорати иқтисод таҳия шудааст, хабар медиҳад CA-NEWS. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд ва бозомӯзии касбии бекорон амалӣ мешавад. Дар бахши кишоварзӣ ва саноат на камтар аз 168,2 ҳазор нафар […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои миллии рушди устувор» қарор ба имзо расонид. Ин санад аз ҷониби Вазорати иқтисод таҳия шудааст, хабар медиҳад CA-NEWS.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд ва бозомӯзии касбии бекорон амалӣ мешавад. Дар бахши кишоварзӣ ва саноат на камтар аз 168,2 ҳазор нафар бояд соҳиби ҷойи кор шуда, наздики 20 ҳазор ҷойи корӣ аз ҳисоби амалисозии «харитаҳои роҳ» ва лоиҳаҳаҳо оид ба ташкили истеҳсолотҳои нав таъсис дода мешавад.

Мувофиқи ин қарор, Ӯзбекистон метавонад сатҳи таъминоти начандон зиёдро то соли 2030 ду баробар коҳиш диҳад. Санад мутобиқи нақшаи тадбирҳои амалии «харитаи роҳ» оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои солҳои 2017-2010 таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, дар санад ба сурати умум 17 ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла таҳкими амнияти озуқаворӣ ва беҳбуди таъмин бо ғизо,  таъмини тарзи ҳаёти солим, беҳбуди вазъ дар соҳаи маориф ва ғайра тасдиқ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.