Каромат Шарипов: Ихроҷи ман аз Русия фармоишӣ буд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов изҳор мекунад, ки ихроҷи ӯ аз Русия фармоишӣ буд.

«Ин фармоиши муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия генерал-лейтенанти пулис Александр Горовой буд, ки назди сафири Тоҷикисон чунин талаби қатъӣ (ултиматум) гузошт, то ки ӯ дар бораи ман маълумот ҷамъ оварда, маро аз роҳбарии ҳаракат дар қаламрави Русия барканор намоянд», – гуфт ӯ ба «Азия-Плюс» имрӯз тариқи телефон.

Ба савол дар бораи чӣ халале расониданаш ба ВКД Русия, Шарипов қайд кард, ки «воқеъан барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ягона ҷойе буд, ки онҳо муроҷиат карда, дар бораи шароити душвори кор ва паст задани шаъну эътиборашон шикоят мекарданд».

«Ҳолатҳое буд, ки муҳоҷирони моро ба фурӯшу паҳнкунии маводи нашъаовар ҷалб мекарданд. Дар ин бора ман дар 12 саҳифа ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ВКД Русия ҳисобот пешниҳод кардам. Ба ин кор мансабдорони воломақом дар Русия ва Тоҷикистон даст доранд. Маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба Маскав фиристода шуда, сипас дар се бозори шаҳр, аз ҷумла Люблино нигаҳдорӣ мешавад», – мегӯяд Шарипов.

 Номбурда бар ин назар аст, ки фаъолияти густардаи ӯ дар самти ҳимояи муҳоҷирон ба ихроҷаш аз Русия сабаб шудааст.

Шарипов зидди ВКД

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 24 май муофиаи навбатии судӣ оид ба баррасии шикояти Шарипов аз болои ВКД Тоҷикистон баргузор шуд. Шарипов ВКД Тоҷикистонро ба пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба Русия доир ба шаҳрвандии ӯ айбдор мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки чанде қабл дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ ба суд пешниҳод шуданд, қалбакӣ мебошанд.

«Ба гунаи мисол, ба суд ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуданд, ки ман то ҳол дар қайди ноҳияи Файзобод ҳастам, лекин ман гунаҳкор нестам, ки ин ҳуҷҷатҳо аллакай сад сол боз нав намешаванд. Он ҷо ҳатто бародари фавтидаи ман дар қайд ҳаст, ки то ҳанӯз зинда шуморида мешавад», – иброз дошт Шарипов.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон дар мурофиаи судӣ иттилоъ доданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон будани Шарипов бекор нашудааст.

«Шаҳрвандӣ танҳо бар асоси супориши президент ё қарори суд бекор мешавад, вале нисбати Каромат Шарипов дар бораи бекор шудани шаҳрвандиаш қарор содир нашудааст», – гуфтанд онҳо дар мурофиа.

Ғайр аз ин, онҳо зикр карданд, ки мувофиқи қонун, то замони аризаи расмӣ надодани шахс барои баромадан аз шаҳрвандии ҷумҳурӣ, шаҳрвандии Тоҷикистони ӯ боқӣ мемонад вале аз Каромат Шарипов чунин ариза пешниҳод нашудааст.

Аммо худи Каромат Шарипов ба ин ақида розӣ набуда, мегӯяд, мутобиқи қонунҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳо, ӯ ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд ва ҳамеша шаҳрвандии Русияро дошт.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Тамоми муддати пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷҷату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2007 бо ташаббуси Каромат Шарипов анҷумани якуми халқиятҳои Тоҷикистон дар Русия доир гардида, дар бораи таъсиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор қабул шуд. Шарипов бар асоси алтернативӣ якдилона раиси ин ҳаракат интихоб шуд.

Соли 2016 Суди олии Русия аризаи шикоятии маъмурии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» барои қонуншикании ошкоршуда дар оиннома ва протоколи анҷуманҳо қонеъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...