Ҷалби муташаккилонаи 50 ҳазор муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба Петербург

Шаҳри Санкт-Петербург то охири соли 2018 ба қабули 50 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ, ки пешакӣ дар марказҳои махсус дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо дархости корфармоҳо интихоб мешаванд, омодагӣ мегирад, хабар додааст дар мусоҳиба ба «Ведомости» раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Петербург Дмитрий Чернейко. Бино ба маълумоти АИ «Фергана», гурӯҳи аввали беш аз садҳо нафари […]

Asia-Plus

Шаҳри Санкт-Петербург то охири соли 2018 ба қабули 50 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ, ки пешакӣ дар марказҳои махсус дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо дархости корфармоҳо интихоб мешаванд, омодагӣ мегирад, хабар додааст дар мусоҳиба ба «Ведомости» раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Петербург Дмитрий Чернейко.

Бино ба маълумоти АИ «Фергана», гурӯҳи аввали беш аз садҳо нафари иборат аз коргарони ёридиҳанда, андовагарон, хиштчинон ва рангуборчиён, ки дар маркази омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар Самарқанд интихоб шудаанд, аллакай ба Петербург омадаанд.

Ин марказ охири соли 2017 тибқи созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Ӯзбекистон боз шудааст. Оператор аз ҷониби Русия Маркази захираҳои кории Петербург аст. Аз соли 2015 чунин марказҳои ҷалби муташаккилона дар Тоҷикистон низ амал дошта, ифтитоҳи боз ду чунин марказ дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Вазифаи ин марказҳо – интихоби муҳоҷирон мувофиқи ниёзи корфармоҳо мебошад. Дар марказҳо муҳҷиронро барои ҷойи кори мушаххас омода карда, дар ҳамаи марҳилаҳо – пешвоз дар фурудгоҳ то ба расмият даровардани ҳуҷчатҳо ва таъмин бо манзил кумак мекунанд. Шахси интихобшуда аз забони русӣ имтиҳон месупорад, нисбаташ санҷишҳо, аз ҷумла тиббӣ сурат гирифта, худро ба расмият медарорад, полиси суғурта ва билет мехарад.

Мувофиқи ҳисобу китобҳо, 140 ҳазор муҳоҷирон аз Ӯзбекистон соли 2017 дар Петербург патент харидаанд (ҳамагӣ 238 ҳазор патент харида шудааст), ки 70% аз шумори умумии ҳамаи муҳоҷирон аз кишварҳои бераводидро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳр дар шакли пешпардохтҳо аз даромади муҳоҷирони дорои патент 6,6 млрд. рубл маблағ ворид шудааст.

Зимни интихоби мутахассисон ва таҷрибаи суҳбати фосилавӣ кор гирифта мешавад, ки ба пурсиши даҳҳо доваталабон аз минтақаҳои гуногун бо харҷи ҳадди камтарини вақт ва захираҳо имкон фароҳам меоварад.

Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии Ӯзбекистон ният дорад, ки дар ҳафт минтақаи Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Ростов ва дигар шаҳрҳо намояндагии худро боз намояд.

Чанде қабл Думаи давлатӣ ба ивази сангинтар кардани чораҳои ҷазо нисбати муҳоҷирон, ки аз ҷониби Вазорати адлия пешниҳод шуд, роҳандозии муҳоҷирати кориро тибқи дархости пешакӣ (ҷалби муташаккилона) ҳамчун тарзи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавсия дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио