Имкони бозхонди иҷозатномаҳои «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»

Агар «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ояндаи наздик сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда натавонанд, иҷозатномаҳояшон барои амалисозии фаъолияти бонкӣ бозхонд мешавад. «Агар ин бонкҳо аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон (ҷалби сармоягузории иловагӣ ва баргардонидани маблағҳои дастгирии молиявии ҳукумат) набароянд, нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад, то имкони бозхонди иҷозатнома», хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агар «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ояндаи наздик сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда натавонанд, иҷозатномаҳояшон барои амалисозии фаъолияти бонкӣ бозхонд мешавад.

«Агар ин бонкҳо аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон (ҷалби сармоягузории иловагӣ ва баргардонидани маблағҳои дастгирии молиявии ҳукумат) набароянд, нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад, то имкони бозхонди иҷозатнома», хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз, 25 май дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, баъди гирифтани кумак аз ҳукумат аввали соли 2017 ин бонкҳо уҳдадор шуда буданд, ки вазъи молиявии муассисаҳояшонро муддати се сол комилан солиму ба эътидол меоваранд.

«Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ба ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ дар муддати 6 моҳ ва «Агроинвестбонк» – то охири моҳи май ваъда дода буданд. Умедворем, ки вазъи ин бонкҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад», – гуфт ӯ.

Дар робита ба баргардонидани маблағҳои кумаки молиявии ҳукумат аз ин бонкҳо, Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки дар доираи ҷадвали қабулшуда «Тоҷиксодиротбонк» уҳдадориҳои худро пурра иҷро мекунад.

«Ба онҳо муяссар шуд, ки 5%-и саҳмияҳои худро аз ҳукумат харанд. «Агроинвестбонк» аз ҷадвали пардохти қарзҳо назди ҳукумат қафо мемонад. Агар ояндаи наздик воситаҳои иловагӣ ворид шаванд, ин бонк нахуст қарзи ҳукумат дар ҳаҷми беш аз 50 миллион ва сипас воситаҳои аҳолиро бармегардонад», – иброз дошт раиси БМТ.

Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби Бонки миллӣ доир ба танзими минбаъдаи вазъ дар ду бонки зикршуда тавсияҳои мушаххас омода ва ба ҳукумат пешниҳод шудааст. «Нақшаи чорабиниҳоро мо чанд рӯз пеш ба ҳукумат пешниҳод кардем», – гуфт номбурда.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Бонки миллӣ даъват кард, ки то охири сол ин масъала ниҳоӣ ҳаллу фасл шавад, то ки эътимоди мардум ба низоми бонкӣ комилан аз даст наравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио