Гиромидошти хотираи Мӯъмин Қаноат дар кишвари Олтойи Русия

Дар Осорхонаи ёдгории Роберт Рождественский дар ноҳияи Косихини кишвари Олтой бо намоиши саҳнаи адабии «Сурӯши Сталинград» (достони шоир) маросими гиромидошти хотираи шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат доир гардид. «Ҳамдиёрони Роберт Рождественский даргузашти шоири бузурги тоҷик, дӯсти наздики шоири маъруфи русро хеле бадарду андӯҳ қабул намуданд ва ба мардуми Тоҷикиситон ҳамдардӣ изҳор менамоянд», – хабар дод […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар Осорхонаи ёдгории Роберт Рождественский дар ноҳияи Косихини кишвари Олтой бо намоиши саҳнаи адабии «Сурӯши Сталинград» (достони шоир) маросими гиромидошти хотираи шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат доир гардид.

«Ҳамдиёрони Роберт Рождественский даргузашти шоири бузурги тоҷик, дӯсти наздики шоири маъруфи русро хеле бадарду андӯҳ қабул намуданд ва ба мардуми Тоҷикиситон ҳамдардӣ изҳор менамоянд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари Маркази забону фарҳанги Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назди Донишгоҳи давлатии Олтой, шоири тоҷик Мирзо Кенҷа. – Ба туфайли достони машҳури «Сурӯши Сталинград», ки тарҷумааш ба қалами шоири дӯстодштаи ин минтақа Роберт Рождественский мансуб аст, устод Мӯъмин Қаноатро дар ин ҷо хеле зиёд эҳтирому арҷгузорӣ мекунанд».

Ба муносибати гиромидошти шоир тоҷик шоми адабӣ доир гардида, дар он саҳнае аз достони «Сурӯши Сталинград» намоиш дода шуд. Нақшҳои намоишро ҳунармандони театри ҳаваскорони «Игротекст» – кормандони китобхонаи ноҳия, омӯзгорон ва толибилмони мактаби маркази ноҳияи Косиха ба иҷро расониданд.

Роҳбари китобхонаи ноҳиявӣ Татяна Егорова қайд кард, ки дар Олтой шоир Мӯъмин Қаноатро эҳтирому гиромӣ дошта, достони «Сурӯши Сталинград»-и ӯ китоби рӯимизии бисёре аз дӯстдорони осори назмӣ аст.

Соли 2015 директори нашриёти «Бизнес-коннект»-и Олтой Екатерина Крапивина бо воситаҳои шахсии худ китоби «Голоса Сталинграда» (Сурӯши Сталинград)-ро бо заони русӣ чоп карда, қисмате аз онро ба тоҷикистониён тақдим кард. Зимни сафари худ ба Душанбе Екатерина Крапивина дар меҳмонии устод Мӯъмин Қаноат ҳузур дошта, якчанд нусхаҳои ин китобро ба шоир низ туҳфа намуд.

Дар Осорхонаи ёдгории Роберт Рождественский гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба достони «Сурӯши Сталинград» мавҷуд аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.