Сармояи оинномавии Бонки миллӣ 25 баробар зиёд мешавад

Ҳаҷми сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 20 млн. то ба 500 млн. сомонӣ зиёд мешавад. Тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 25 май қабул кард. Зимни шарҳи лоиҳаи тағйироту иловаҳо раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо «бо мақсади таъмини […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 20 млн. то ба 500 млн. сомонӣ зиёд мешавад.

Тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 25 май қабул кард.

Зимни шарҳи лоиҳаи тағйироту иловаҳо раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо «бо мақсади таъмини сатҳи кофӣ будани сармоя барои пешбурди сиёсати пурсамари пуливу қарзӣ» пешниҳод шудааст.

«Бо назардошти афзудани амволи Бонки миллӣ, муқаррар шудани ҳаҷми сармояи оинномавӣ ба маблағи 500 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст», – гуфт номбурда.

Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки муқаррар шудани сармояи оинномавӣ дар чунин сатҳ ба афзоиши захираҳои Бонки миллӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Зимнан илова шуд, ки сармояи оинномавии амалкунандаи Бонки миллӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ ҳанӯз соли 2002 муқаррар шуда буд.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», ҳаҷми сармояи оинномавӣ тибқи қарори Раёсати БМТ бо розигии президенти ҶТ ва минбаъд тасдиқи он дар палатаи поёнии парлумон зиёд шуда метавонад.

Сармояи оинномавии Бонки миллӣ аз сарчашмаҳои дар ихтиёри БМТ қарордошта: фондҳои асосӣ, маблағҳо аз даромади софи Бонки миллӣ, воситаҳои ҷудошуда аз буҷет ташаккул меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.