Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Ҳаркати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) мизи гирд барпо мекунад. Оғоз соати 09:00дар Маркази тадқиқоти стратегӣ;

– Дар Душанбе Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолнокии корӣ» баргузор мешавад;

– Бори нахуст дар Тоҷикистон олимпиадаи байнулмилалии маърифатӣ оид ба хисобу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA 2018 доир мегардад. Олимпиада дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон «Шоҳин» воқеъ дар соҳили обанбори Қайроққум баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9896 сомонӣ;

1 евро – 10.4639 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1442 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Шӯрои комиссарон ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташкили «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» барои намоиш дар қисмҳои ҳарбии Ариши Шӯравии амалкунанда қарор қабул кард.

1992 – Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.

1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Мухтор Ашрафӣ, ректори Консерваторияи давлатии Тошканд.

1936-1985 – Мавлуди овозхон Барот Яхшӣ.

1939 – Зодрӯзи актёри театр Амирҳайдар Давлатов.

1940 – Мавлуди нависанда Маҳкам Пӯлодов.

1957 – Зодрӯзи адабиётшинос Абдувалӣ Давронов.

1965 — Мавлуди Бахтиёр Худоназаров коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1972 – Зодрӯзи коргардони кино Умедшоҳ Мирзоширинов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +7+12.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...