Боздошти беш аз 30 муҳоҷир дар бозори «Горбушка»-и Маскав

Asia-Plus

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар маркази савдои «Горбушкин двор» (бозори «Горбушка») рейд баргузор намуд, менависад АИ Фергана.

Рейд наздики соатҳои сеи рӯзи 29 май оғоз гардид, иттилоъ додааст ба хабаргузорӣ ҳуқуқшиноси ройгон барои муҳоҷирон Валентина Чупик. Автобуси кормандони пулис бо сарулибоси сиёҳ ба назди бинои маркази савдо омада, онҳо ҳамаи шахсони дорои симои ғайриславяниро боздошт кардаанд.

«Ба ман яке аз боздоштшудаҳо занг зада, изҳор намуд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ паси ҳам доғистониву чечен ва ёқутиҳо, тоҷикону қирғизҳо ва ӯзбеконро боздошт намуданд. Яъне ҳатто шаҳрвандони Русия ва афроди дорои ҳуҷчати иҷозати зист (ВНЖ). Тоҷике, ки бо ман дар тамос шуд, ҳуҷҷати иҷозати зист дорад, лекин касе ба ин таваҷҷуҳе зоҳир накардааст», – иброз доштааст Чупик.

Навори видеои боздошти муҳоҷирон дар саҳифаи яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд.

Ду автобус муҳоҷирони боздоштшударо ба ШВКД «Филевский парк» оварда, вақте Чупик ба ин шуъба занг мезанад, навбатдор Овчинников мегӯяд, ки шумори боздошшудагон ҳамагӣ беш аз 30 нафар буда, дастури боздоштро Хадамоти федералии амният додааст.

«Бо онҳо чизе намешавад, танҳо изи ангуштонашонро гирифта, аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ месанҷанд, гуфт ба ман навбатдор. Дар ҳамин ҳол, ба савол дар бораи сабабҳои боздошт ба ҷуз симои ғайриславянӣ доштан, ӯ посух надод», – қайд кард ҳуқуқшинос. Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки рейд бо сабаби рӯзҳои башумор мондани оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гузаронида шудааст.

Қаблан ҳуқуқшиносон афзоиши босуръати шумори шикоятҳо оид ба шиканҷа ва тамаъҷӯиро аз ҷониби кормандони пулис аз замони дар шаҳрҳои қабулкунандаи бозиҳои чемпионат ҷорӣ шудани реҷаи махсус қайд карда буданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тамаъҷӯии пул аз муҳоҷирон ҳанӯз то мавриди амал қарор гирифтани дастури реҷаи махсус оғоз намуда, рейдҳо пеш аз чемпионатро баҳона пеш меоварданд ва ба ихроҷ таҳдид мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 22 май дар баромадгоҳи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар Сахарово боздошти оммавии муҳоҷирон сурат гирифт. Мақомоти пулис онҳоро ба иштирок дар муноқишаи оммавӣ гумонбар медонист. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар маҷмӯъ 153 нафар шаҳрвандони хориҷии дар Марказ қарордошта боздошт шудаанд.

Рӯзи дигар ба ҷуз як шахсе, ки қоидаҳои будубош дар Русияро риоя намекардааст, дигар ҳамаи муҳоҷирони назди Марказ боздоштшуда аз шуъбаҳои пулис раҳо шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.