Суғд: падари таҷовузгар ба номуси духтар 25 сол зиндонӣ шуд

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 40-солаи ноҳияи Ҳамадониро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтараш ба итмом расонид. Айбдоршаванда муваққатан дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) иқомат мекард. Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мафтуна Раҳматуллозода хабар дод, суд ӯро ба 25 […]

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 40-солаи ноҳияи Ҳамадониро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтараш ба итмом расонид. Айбдоршаванда муваққатан дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) иқомат мекард.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мафтуна Раҳматуллозода хабар дод, суд ӯро ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур пӯшида сурат гирифта, судя аз ифшои ҷузъиёти дигари парвандаи мазкур худдорӣ варзид.

Қаблан як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки бори нахуст ҳанӯз як сол пеш ин мард ба таҷовузи номуси духтараш даст задааст. Баъдан бо таҳдид чандин маротиба духтари 18-солаи худро ба ин кирдори номатлуб водор кардааст. То маълум шудани ҳомиладорӣ духтар ба касе чизе намегуфтаааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, модари духтар ба табибон муроҷиат намуда, онҳо ҳомиладории ӯро тасдиқ кардаанд. Духтарро исқоти ҳамл карданд.

Зимнан зикр гардида буд, ки ҳамсар ва фарзандони гумонбаршуда изҳор доштаанд, ки аз ҷониби ин мард мунтазам мавриди фишору зӯроварӣ қарор мегирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 феврали соли равон гумонбаршуда аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуда, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.