Президенти Тоҷикистон ба бунёди бинои нави Донишкадаи исломӣ оғози расмӣ бахшид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Гуфта мешавад, бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ дар назар аст.

Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Президенти Тоҷикистон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдрас мешавад, ки биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".