Путин нимаҳои тирамоҳ аз Ӯзбекистон боздид мекунад

Сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон миёнаҳои тирамоҳ сурат хоҳад гирифт. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Sputnik Ӯзбекистон, сафари Путин нимаҳои тирамоҳ, эҳтимол моҳи октябр сурат бигирад. «Вале феълан дар бораи санаи дақиқи он чизе гуфта намешавад. Ҷадвали кории раҳбарони мо ба ҳадде банд аст, ки то охирин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон миёнаҳои тирамоҳ сурат хоҳад гирифт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Sputnik Ӯзбекистон, сафари Путин нимаҳои тирамоҳ, эҳтимол моҳи октябр сурат бигирад.

«Вале феълан дар бораи санаи дақиқи он чизе гуфта намешавад. Ҷадвали кории раҳбарони мо ба ҳадде банд аст, ки то охирин лаҳза муайян кардани санаи дақиқи сафаре номумкин аст", – изҳор доштааст сафири Русия дар Ӯзбекистон Владимир Тюрденев.

Гуфта мешавад, Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони муҳими тиҷорӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон аст. Феълан дар Ӯзбекистон беш аз 960 корхона бо сармояҳои Русия фаъолият доранд ва ба ҳисоби коршиносони Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, шумори онҳо то охири сол аз ҳазор адад хоҳад гузашт. Дар Русия беш аз 560 ширкати ӯзбекӣ фаъолият мекунад.

Қайд мешавад, ки Ӯзбекистон аз нигоҳи ҳаҷми табодули мол бо Русия дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мақоми чорум аст. Соли 2017 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 3,6 миллиард долларро ташкил дода, 33,9% афзоиш ёфт.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳҳои январу феврали соли равон ҳаҷми табодули мол миёни Ӯзбекистону Русия 50,2% афзоиш ёфта, ба 600 миллион доллар расид. Ҳаҷми сармояҳое, ки аз Русия ба Ӯзбекистон ворид шудаанд, аз марзи 8,5 миллиард доллар гузашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".