Боз як падаркуши дигар дар Суғд маҳкум шуд

Зариф Ҷумъаев, сокини 43-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қатли бераҳмонаи падараш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 27 сентябри соли 2017 падари маҳкумшуда писарашро барои шаробнӯшии зиёд сарзаниш намуда, як маротиба ба рӯяш зарба мезанад. «Писар аз ин ба хашм омада, […]

Зариф Ҷумъаев, сокини 43-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қатли бераҳмонаи падараш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 27 сентябри соли 2017 падари маҳкумшуда писарашро барои шаробнӯшии зиёд сарзаниш намуда, як маротиба ба рӯяш зарба мезанад.

«Писар аз ин ба хашм омада, дар пеши чашми набераи 14-солааш бо зарбаи корд падарашро аввал аз дилаш захмӣ ва баъди ба замин афтодани ӯ, боз чандин маротибаи дигар ба ҷисми ӯ зарба мезанад, ки бар асари захмҳои зиёд падар ҳалок мешавад», – қайд карданд дар суд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ Зариф Ҷумъаев ҳатто ба хотир оварда натавонист, ки чӣ гуна падаршро ба қатл расонидааст ва дар сухани охирин ҳам изҳор доштааст, ки дар ин бора чизе гуфтанӣ нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".