Қатли рӯзноманигори рус Аркадий Бабченко дар шаҳри Киев

Дар пойтахти Украина – шаҳри Киев рӯзноманигори рус Аркадий Бабченкоро паронданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши украинии Радиои Озодӣ, Вазорати умури дохилии Украина гуфтааст, марди 41-солае, ки дар яке аз телевизионҳо кор мекард аз захми тир ба ҳалокат расид. Вазорат ҳарчанд ному насаби ҳалокшударо ифшо намекунад, вале Бабченко 41 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар пойтахти Украина – шаҳри Киев рӯзноманигори рус Аркадий Бабченкоро паронданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши украинии Радиои Озодӣ, Вазорати умури дохилии Украина гуфтааст, марди 41-солае, ки дар яке аз телевизионҳо кор мекард аз захми тир ба ҳалокат расид. Вазорат ҳарчанд ному насаби ҳалокшударо ифшо намекунад, вале Бабченко 41 сол дошта, вақтҳои охир дар телевизиони АТР ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт.

Дар бораи қатли Бабченко нахустин шуда рӯзноманигор Айдер Муҷдабоев дар Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигори русро дар хонааш аз пушт парондаанд. Ҷасади рӯзноманигорро ҳамсараш пайдо карда, ӯ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Бабченко Русияро охирҳои соли гузашта тарк кард. Ба гуфтаи рӯзноманигор, ба ӯ хабар додаанд, ки беҳтар аст, чанд муддат дар хориҷ аз Русия зиндагӣ кунад. Бабченко он замон дақиқ нагуфт, ки барои чӣ кишварро тарк кард. Танҳо гуфт, ин масъала ба "озодии ӯ" рабт дорад.

Аркадий Бабченко дар ҳар ду ҷанги чечен иштирок кардааст. Баъд аз хидмати ҳарбӣ корро ба ҳайси хабарнигори низомии "Московский комсомолетс" оғоз карда, як муддат хабарнигори "Забитый полк" низ буд. Ҳамчунин бо бисёре аз расонаҳо, аз ҷумла "Новая газета" ҳамкорӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".