Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон акнун дар видео сабт мешаванд

Сарҳадбонони дидбонгоҳҳои ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки Қирғизистон, ки бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, акнун бо дастгоҳҳои сабти видеоӣ ба посбонии марз мебароянд. Сабти муноқишаҳои наздисарҳадӣ дар навори видео ба хотири дарёфти ҳақиқати ҳодисаи рухдода амалӣ мешавад. Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои сулҳи устувор ва рушд» ба Хадамоти давлатии […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои для Asia-Plus

Сарҳадбонони дидбонгоҳҳои ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки Қирғизистон, ки бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, акнун бо дастгоҳҳои сабти видеоӣ ба посбонии марз мебароянд.

Сабти муноқишаҳои наздисарҳадӣ дар навори видео ба хотири дарёфти ҳақиқати ҳодисаи рухдода амалӣ мешавад.

Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои сулҳи устувор ва рушд» ба Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон тариқи ройгон 77 адад дастгоҳи сайёри сабти видеоӣ тақдим кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» мутахассиси лоиҳаи зикршуда Сарвар Турдибоев хабар дод, аксар вақт ҳангоми сар задани муноқиша ва баҳсҳо миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор медонанд ва дар ин ҳолатҳо муайян кардани ҳақиқати воқеаи рухдода ва ба созиш овардани онҳо мушкил мешавад.

«Дастгоҳҳо барои истифодаи посбонҳои пиёдагарди сарҳад дода шуданд. Каме пештар ба дидбонгоҳҳо барои нигаҳдории акнун маводи сабти наворҳои видео компютер супурда шуд. Умедворем, ки истифодаи ин дастгоҳҳо ба пешгирии муноқиша ва низоъҳо дар сарҳади кишварҳо мусоидат мекунад», – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин гуна дастгоҳҳои сабти видеоӣ ба сарҳадбонони Тоҷикистон низ супурда шудааст.

Қобили зикр аст, ки амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои сулҳи устувор ва рушд»-и Барномаи рушди СММ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати пешбурди сулҳу устувор ва рушд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронида шудааст.

Тадбирҳо дар самти таҳкими сулҳу созиш бо мақсади роҳандозии муколамаи созанда ва созиш байни аҳолии муқими вилояти Ботканди Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".