Муовини масъул ба бахши нақлиёти раиси пойтахт иваз шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 майи соли равон, Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ муовини раиси пойтахт таъин шуд. Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ, ки замоне ба корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» роҳбарӣ мекарду аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси директори КВД «Васлу насби нақлиёти барқӣ ва велосипедҳо (дучархаҳо) фаъолият дошт, дар ин вазифа Қурбон Саизодаро иваз намуд. […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 майи соли равон, Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ муовини раиси пойтахт таъин шуд.

Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ, ки замоне ба корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» роҳбарӣ мекарду аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси директори КВД «Васлу насби нақлиёти барқӣ ва велосипедҳо (дучархаҳо) фаъолият дошт, дар ин вазифа Қурбон Саизодаро иваз намуд.

Қурбон Саидзода бинобар сабаби вазъи саломатиаш бо хоҳиши худаш аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ӯ санаи 12 январи соли 2017 ба ин мансаб таъин гардида, масъулияти бахши нақлиёти пойтахтро бар дӯш дошт.

Қобили зикр аст, ки замони сари мансаб қарор доштани Қурбон Саидзода ба Душанбе аз Туркия даҳҳо адад автобусҳои ISUZU оварда шуда, фаъолияти таксиҳои 3-сомонӣ манъ шуданд ва ҳамчунин ҳаракати хатгардҳо (маршруткаҳо)-и «Старекс» дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт манъ шуда, тарзи нави пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо ҷорӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".