50 кишвар дар як сол: Чӣ гуна як тоҷик ба саёҳати даври дунё раҳсипор мешавад

Сайёҳи тоҷик Фарҳод Калонов, ки муддати 4 сол пайдарпай дар лоиҳаи «Мо – тоҷикон» саҳм мегирад, рӯзи 31 май ба аввалин пойгаи автомобилии яккаву танҳои даври дунё раҳсипор мешавад. Тӯли расо як сол ӯ ният дорад, ки беш аз 100 ҳазор км масофаро тай намояд ва барои Фарҳод ин танҳо як дилхушӣ нест, балки шахсан […]

Asia-Plus

Сайёҳи тоҷик Фарҳод Калонов, ки муддати 4 сол пайдарпай дар лоиҳаи «Мо – тоҷикон» саҳм мегирад, рӯзи 31 май ба аввалин пойгаи автомобилии яккаву танҳои даври дунё раҳсипор мешавад.

Тӯли расо як сол ӯ ният дорад, ки беш аз 100 ҳазор км масофаро тай намояд ва барои Фарҳод ин танҳо як дилхушӣ нест, балки шахсан сайёҳонро аз саросари ҷаҳон ба Тоҷикистон даъват хоҳад кард.

Ба гуфтаи Фарҳод, ҷалби меҳмонон рисолати ягона набуда, тайи 12 моҳи гузаштан аз 1000 шаҳрҳои ҷаҳон сайёҳ ба сокинони онҳо дар бораи муҳимияти дастгирии кӯдакони гирифтори синдроми Даун маълумот хоҳад дод, зеро ӯ сафири иродаи неки ташкилоти хайрияи SIDA Тоҷикистон («СИДА» Синдроми Даун) мебошад.

Ин лоиҳа панҷум аст. Давраҳои пешини «Мо тоҷикон» низ, ки ҳанӯз соли 2015 оғоз гардида буданд, тамоили хайриявӣ доштанд. Соли 2017 ба Фарҳод Калонов ҷамъоварии маблағи назаррас барои  ҷарроҳии 3 нафар кӯдакон муяссар шуда буд.

Масофаи умумии то имрӯз тайкардаи ӯ дар кишварҳои ИДМ, Туркия, Аврупо, ИМА, Шарқи Наздик ва Дур бидуни назардошти сафарҳо ба давлатҳои ҳамсоя, зиёда аз 100 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.