Аркадий Бабченко зинда ва оилааш 24 соат бо муҳофиз таъмин мешавад

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори рус Аркадий Бабченко дар шаҳри Киев саҳнасозӣ ва як бахши амалиёти вижаи Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) будааст. Дар натиҷаи ин амалиёт гумонбареро боздошт карданд, ки бар ивази 30 ҳазор доллар мехост, рӯзноманигорро бикушад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" дар робита ба саҳнасозӣ будани куштори Бабченко ибрози нигаронӣ карда, раҳбари созмон Кристоф Делуар ҳодисаро дар Твиттер фиребгариҳои мақомоти махсуси Украина номида, навиштааст, ки "вақте давлат рӯзноманигоронро истифода карда, бо воқеият бозӣ мекунад, хеле хатарнок аст".

Худи рӯзноманигор ба ХАУ миннатдорӣ баён кард, ки ҷони ӯро наҷот доданд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, амниятиҳои украин ба ӯ дар бораи ин сӯиқасд хабар дода, парвандаеро ҳамроҳи акси шиносномааш нишон додаанд, ки фаҳмид, иттилоъ дар бораи ӯро фармоишгарон бо кумаки хадамоти махсус дастрас кардаанд.

Гумонбари асосӣ дар сӯиқасд ба ҷони Бабченко шаҳрванди Украина Г. аст, ки ХАУ ному насаби ӯро ифшо намекунад. Ба гуфтаи муовини ХАУ Василий Гритсак, Г. барои ин куштор 30 ҳазор доллар бояд мегирифт.

Гритсак мегӯяд, куштори Бабченко аз Русия фармоиш шудааст. Ҷамъан ба иттилои ХАУ, барои сӯиқасд ба ҷони Бабченко 40 ҳазор доллар ҷудо шуда, 10 ҳазори онро миёнарав гирифтааст.

Гритсак дар нишасти хабарӣ видеои додани пул ва боздошти миёнаравро намоиш дод. Бино ба фарзияи ХАУ, куштори рӯзноманигорро хадамоти махсуси Русия фармоиш додааст.

Пулиси Украина шаби 29 ба 30 май иттилоъ дод, ки рӯзноманигор Бабченкоро дар назди бинои зисташ аз пушт се бор паронданд ва рӯзноманигор дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Сипас сардори Пулиси миллии Украина Сергей Князев гуфт, иҷрокунандаи ин сӯиқасд "ҳирфаӣ" буда, дар умум барои қатли рӯзноманигор як гуруҳ омодагӣ медиданд.

Президенти Украина Петр Порошенко дастур дод, ки Аркадий Бабченко ва хонаводаи ӯро 24 соат бо муҳофиз таъмин кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.