Аркадий Бабченко зинда ва оилааш 24 соат бо муҳофиз таъмин мешавад

Сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори рус Аркадий Бабченко дар шаҳри Киев саҳнасозӣ ва як бахши амалиёти вижаи Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) будааст. Дар натиҷаи ин амалиёт гумонбареро боздошт карданд, ки бар ивази 30 ҳазор доллар мехост, рӯзноманигорро бикушад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" дар робита ба саҳнасозӣ будани куштори […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори рус Аркадий Бабченко дар шаҳри Киев саҳнасозӣ ва як бахши амалиёти вижаи Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) будааст. Дар натиҷаи ин амалиёт гумонбареро боздошт карданд, ки бар ивази 30 ҳазор доллар мехост, рӯзноманигорро бикушад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" дар робита ба саҳнасозӣ будани куштори Бабченко ибрози нигаронӣ карда, раҳбари созмон Кристоф Делуар ҳодисаро дар Твиттер фиребгариҳои мақомоти махсуси Украина номида, навиштааст, ки "вақте давлат рӯзноманигоронро истифода карда, бо воқеият бозӣ мекунад, хеле хатарнок аст".

Худи рӯзноманигор ба ХАУ миннатдорӣ баён кард, ки ҷони ӯро наҷот доданд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, амниятиҳои украин ба ӯ дар бораи ин сӯиқасд хабар дода, парвандаеро ҳамроҳи акси шиносномааш нишон додаанд, ки фаҳмид, иттилоъ дар бораи ӯро фармоишгарон бо кумаки хадамоти махсус дастрас кардаанд.

Гумонбари асосӣ дар сӯиқасд ба ҷони Бабченко шаҳрванди Украина Г. аст, ки ХАУ ному насаби ӯро ифшо намекунад. Ба гуфтаи муовини ХАУ Василий Гритсак, Г. барои ин куштор 30 ҳазор доллар бояд мегирифт.

Гритсак мегӯяд, куштори Бабченко аз Русия фармоиш шудааст. Ҷамъан ба иттилои ХАУ, барои сӯиқасд ба ҷони Бабченко 40 ҳазор доллар ҷудо шуда, 10 ҳазори онро миёнарав гирифтааст.

Гритсак дар нишасти хабарӣ видеои додани пул ва боздошти миёнаравро намоиш дод. Бино ба фарзияи ХАУ, куштори рӯзноманигорро хадамоти махсуси Русия фармоиш додааст.

Пулиси Украина шаби 29 ба 30 май иттилоъ дод, ки рӯзноманигор Бабченкоро дар назди бинои зисташ аз пушт се бор паронданд ва рӯзноманигор дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Сипас сардори Пулиси миллии Украина Сергей Князев гуфт, иҷрокунандаи ин сӯиқасд "ҳирфаӣ" буда, дар умум барои қатли рӯзноманигор як гуруҳ омодагӣ медиданд.

Президенти Украина Петр Порошенко дастур дод, ки Аркадий Бабченко ва хонаводаи ӯро 24 соат бо муҳофиз таъмин кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.