Қурби доллар дар Тоҷикистон аз 9 сомонӣ боло рафт

Қурби расмии 1 доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 31 май муқаррар шудааст, 9,01 сомонӣ (30 май – 1 = 8,99)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби расмии доллар нисбати арзи миллии тоҷикӣ қариб 2,2 фоиз (1 январи соли 2018 – 8,8190 сомонӣ) афзуд. Қурбҳои ҳаррӯзаи расмии асъорҳо, ки аз […]

Қурби расмии 1 доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 31 май муқаррар шудааст, 9,01 сомонӣ (30 май – 1 = 8,99)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби расмии доллар нисбати арзи миллии тоҷикӣ қариб 2,2 фоиз (1 январи соли 2018 – 8,8190 сомонӣ) афзуд.

Қурбҳои ҳаррӯзаи расмии асъорҳо, ки аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар мешаванд, танҳо барои ҳисоббарбарӣ бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, хариду фурӯш бо ин қурб сурат намегирад. Аммо нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо маҳз бо назардошти қурби расмии БМТ қурбҳои худро муайян мекунанд.

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо имрӯз 1 доллар бо мабалғи 9,02 сомонӣ харида ва бо маблағи 9,03 сомонӣ фурӯхта мешавад. Давоми соли ҷорӣ қурби доллар дар бозори нақдӣ қариб 3,5 фоиз боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар бозори асъори кишвар муддати ду моҳ аст, ки камбуди доллари нақд ба мушоҳида мерасад. Норасоии шадиди асъори амрикоӣ аз нимаи дуюми моҳи апрел, баъди аз ҷониби ИМА ҷорӣ шудани таҳримҳои нав нисбати ширкатҳои русиягӣ ва коҳиши қурби рубл нисбати доллар бар асари он, оғоз гардид.

Айни замон аксарияти бонкҳои Тоҷикистон бо зикри надоштани доллар дар ихтиёрашон, амалиёти фурӯши онро анҷом намедиҳанд.

Дар баъзе бонкҳо, аз ҷумла, «Казкоммерсбонк», «Аввалин Бонки молиявии хурд», «Спитамен Бонк» ва ғайра метавон доллар харид, вале бо миқдори маҳдуд – аз 50 то 300 доллар ба 1 нафар.

Бонки миллӣ ҳанӯз охири моҳи гузашта иттилоъ дода буд, ки камбуди доллари амрикоӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳурӣ мавсимӣ  ва падидаи маъмулӣ аст.

«Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад», – қайд шуда буд дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки дар Буҷети давлатии қабулшуда барои соли 2018 аз ҷониби парлумон моҳи ноябри соли гузашта нишондиҳандаи қурби доллар 9 сомонӣ барои 1 доллар ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.