Тоҷикистон узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шуданист

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Солҳои 2028-2029 Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ дохил шуданист, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо Тоҷикистон барои дастгирии номзадиаш ҷиҳати интихоб ба сифати аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Синдао роҳбарони созмон аз ниятҳои Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар баробари Тоҷикистон Қирғизистон низ номзадиашро ба узви ғайрдоимии Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ карданист.

«Кишварҳои узви СҲШ нияти Тоҷикистону Қирғизистон доир ба пешбарии номзадиашонро ба аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ қайд карданд», – омадааст дар баёнияи Шӯрои сарони кишварҳо узви СҲШ дар Синдао аз 10 июни соли 2018.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 давлат шомиланд, ки 5-тоашон – Чин, ИМА, Русия, Фаронса ва Британияи Кабир узви доимӣ мебошанд. Боқимонда 10 кишвари дигар дар Маҷмааи умумӣ интихоб шуда, панҷтои онҳо ҳар сол иваз мешаванд.

Ҳамасола санаи 2 март ҳамчун рӯзи узвияти Тоҷикистон ба СММ қайд карда мешавад. Рӯзи 29 январи соли 1992 зимни иҷлосияи Шӯрои амнияти СММ дар бораи пазируфта шудани Тоҷикистон ба сифати аъзои баробарҳуқуқи СММ қатънома қабул шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.