Изҳороти «Фароз» оид ба болоравии нархи гази моеъ

Asia-Plus

Ширкати «Фароз», ки яке аз воридкунандагони бузурги навъҳои гуногуни сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошад, дар робита ба болоравии нархи гази моеъ шарҳи худро чоп кард, ки дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шудааст.

Ширкат иддаъоҳои даст доштанаш дар болоравии нархро беасос унвон мекунад ва сабабҳои онро шарҳу тавзеҳ медиҳад.

«Сабаби асосии баландшавии нархи гази моеъ дар бозори дохилии кишвар, ин кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби ҶС «СНПС-Актобемунайгаз»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва норасоии он дар ин кишвар маҳсуб меёбад», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ин ширкати Қазоқистон дар мактубҳои худ ҷамъиятҳои воридкунандаи гази моеи Тоҷикистонро огоҳ намудааст, ки бинобар зиёд гардидани уҳдадориҳои ширкат оид ба таъминот бо гази моеъ дар дохили Қазоқистон ва аз кор баромадани яке аз таҷҳизоти Корхонаи коркарди газ-2 Жанажол, дар моҳи июни соли ҷорӣ таъминоти Тоҷикистон бо гази моеъ аз 30 то 40% кам карда мешавад.

Дар маълумоти ширкат қайд мешавад, ки Тоҷикистон истеҳсолкунандаи гази моеъ намебошад ва воридоти он ба кишвар айни ҳол аз ҷониби беш аз 35 ҷамъияту ширкатҳо, аз ҷумла «Газпромнефт Тоҷикистон», «Октан сервис», «Эмом Импорт Экспорт», «Темур Ойл», «Газнафт», «Аллат», «Ғайрат 82», «Каёнуш Таъминот», «Баҳор», «Мабдаи Нур», «Гули Сурх Континент» ва ғайраҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳаҷми воридоти гази моеъ ҳамасола ба ҳисоби миёна 340 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 85 фисади он аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 15 фисади он аз кишварҳои дигар бо миёнаравии ширкатҳои трейдерӣ харидорӣ мегарданд.

Ширкат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки бидуни таҳлилу далелҳои ҷойдошта ва дарки ҳолати воқеии масъалаи мазкур, болоравии арзиши гази моеъро бо хулосабарориҳои беасос ва ҳар гуна суханони иғвоомезу бардурӯғ баҳогузорӣ накунанд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҶСП «Фароз» ҳамчун ширкати ватанӣ ба доираи дигар ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ шомил буда, оид ба болоравии арзиши гази моеъ манфиатдор намебошад ва бинобар ҷой доштани рақобат дар бозор, кӯшиш менамояд то бозори дохилиро бо гази моеъ дар моҳҳои оянда бо нархи дастрас таъмин намояд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 10 рӯзи охир нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт: аз 3,4 сомонӣ то ба 4,7-4,8 сомонӣ барои як литр. Ин боиси нигаронии истифодабарандагони ин навъи сӯзишворӣ гардид.

Гази моеъ дар Тоҷикистон асосан ба сифати сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ истифода мешавад. Беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз он истифода мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...