Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини газ ба бино бархӯрда, 1 кас ҳалок шуд

Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи боркаши гази моеъ ба девори бинои канори роҳ бархӯрда, аз зарфи он газ ба хориҷшавӣ шурӯъ намуд. Ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти IRS.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, чораҳои дахлдор андешида шуд. Тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурдан сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст.

Дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат, Хадамоти оташнишонии ВКД ва БДА тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан боздошта шавад. Иқдоми мазкур ба хотири таъмини бехатарии мусофирону ронандагон амалӣ шкд, зеро хавфи таркидани гази дар автомобил боқимонда амалӣ шуд.  

Гуфта мешавад, бинобар хориҷ шудани газ ва мавҷуд будани хавфи таркидани он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба муддати 40 дақиқа боздошта шуд. Дар заминаи тадбирандешиҳои муштарак бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хавфи мавҷуда – эҳтимоли таркидани автомобил бартараф ва ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.