Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини газ ба бино бархӯрда, 1 кас ҳалок шуд

Субҳи имрӯз дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи боркаши гази моеъ ба девори бинои канори роҳ бархӯрда, аз зарфи он газ ба хориҷшавӣ шурӯъ намуд. Ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти IRS. Дар ширкат зикр мекунанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи боркаши гази моеъ ба девори бинои канори роҳ бархӯрда, аз зарфи он газ ба хориҷшавӣ шурӯъ намуд. Ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти IRS.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, чораҳои дахлдор андешида шуд. Тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурдан сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст.

Дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат, Хадамоти оташнишонии ВКД ва БДА тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан боздошта шавад. Иқдоми мазкур ба хотири таъмини бехатарии мусофирону ронандагон амалӣ шкд, зеро хавфи таркидани гази дар автомобил боқимонда амалӣ шуд.  

Гуфта мешавад, бинобар хориҷ шудани газ ва мавҷуд будани хавфи таркидани он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба муддати 40 дақиқа боздошта шуд. Дар заминаи тадбирандешиҳои муштарак бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хавфи мавҷуда – эҳтимоли таркидани автомобил бартараф ва ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.