Ҳудуди 80%-и гази Ӯзбекистонро ТАЛКО истифода мебарад

Asia-Plus

Аз моҳи апрели соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 4,5 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд, хабар дод муовини аввали роҳбари «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода рӯзи 16 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки ҳаҷми интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя ҳар моҳ бо назардошти сатҳи омодагии истеъмолгарон дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст.

«Дар ин самт мо ҳамарӯза кор мекунем. Агар давоми се моҳ (апрел-июн) каме бештар аз 3 млн. метри мукааб газ ворид шуда бошад, пас тайи 15 рӯзи ҳамин моҳ ин нишондиҳанда беш аз 1 млн. метри мукаабро ташкил дод», – иброз дошт Шоимзода.

Ба гуфтаи ӯ, истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон айни замон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки 80% (3,5 млн. метри мукааб) аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд.

«Ҳаҷми боқимондаро 11 корхонаи начандон бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили ҶС «Азиз», «Гази Регар», корхонаҳои хиштбарорӣ ва дигар корхонаҳо гирифтанд. Бо назардошти сатҳи омодагӣ ба қабули газ, он ба дигар корхонаҳои хоҳишманд низ интиқол дода мешавад», – гуфт Шоимзода.

Аз ҷумла, қайд кард Шоимзода, дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи бо гази Ӯзбекистон таъмин намудани марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт дар оғози мавсими гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар робита ба таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ намояндаи «Тоҷиктрансгаз» зикр кард, ки феълан ин масъала мавриди омӯзиш қарор дошта, лекин баъзе мушкилот, аз ҷумла омодагии зербино ҷой дорад, ки ҳалли худро металабад.

Шоимзода аз додани маълумот дар бораи нархи гази Ӯзбекистон худдорӣ варзида, таъкид дошт, ки нарх ба ҳаҷми дархостшуда вобаста аст: чӣ қадр ҳаҷм зиёдтар бошад, нарх ҳамон қадр пасттар мешавад.

Ёдрас мекунем, ки баъди танаффуси 6-сола аз аввали моҳи апрел интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора барқарор шуд.

Қарордоди таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни ширкатҳои масъули интиқолу тақсими ин навъи сӯзишворӣ санаи 9 март зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.

Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб ба маблағи умумии 15,1 млн. доллар наздики 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад.

Қобили зикр аст, ки интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардида буд. Ҳамаи корхонаҳое, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба истифодаи гази синтезшуда, ки аз ангишт ҳосил мешавад ё бевосита ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...